Тундбоди шадид ҷони ду кӯдакро дар Тоҷикистон рабуд

© Фото : фото очевидца, отправленное по Whats App-каналуСильный ветер опрокинул деревья, архивное фото
Сильный ветер опрокинул деревья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Замони кӯшиши пинҳон шудан аз нафхҳои тундбоди шадид, кӯдакон ҷароҳатҳои вазнини носозгор бо зиндагӣ бардошта, фавтиданд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон, аз сабаби шиддат гирифтани тундбод, ду кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Тоҷикистон (КҲФ).

Тундбоди шадид дар он лаҳзае сар задааст, ки кӯдакон чорво мечарониданд. Бачаҳо кӯшиш кардаанд, ки дар паси ҷўйборҳои сангини чиддашуда пинҳон шаванд, вале тундбод онҳоро ба рӯи кӯдакон афтондааст.

Дар натиҷа, ҳарду кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта фавтидаанд. Дар КҲФ ба волидон хотиррасон кардаанд, ки эҳтиёт шаванду фарзандонро бе назорат нагузоранд.

Рӯзона дар вилояти Хатлон боронгарӣ шурӯъ шуда буд, ки он пастар селро ба вуҷуд овард.

Тӯдаи бузурги гил тақрибан ба 10 ҳавлии ҳудуди деҳаҳои Пешқадам, Меҳнат ва Зархези ноҳияи Вахш, зарар расонидааст. 

Дар натиҷаи ин ҳодиса дигар касе осеб надидааст.

Лентаи хабарҳо
0