Мардуми Истаравшан ба раиси Суғд аз чӣ шикоят карданд

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои қабули шаҳрвандонро баррасӣ ва баҳри ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда масъулинро вазифадор кардааст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба Истаравшан сафар карда, муроҷиату шикояти мардумро шунидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи 5 май дар маҷлисгоҳи шаҳрдории Истаравшан аз ҷониби раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор гардидааст.

Дар ин рӯз ба раиси вилоят 69 нафар сокинони шаҳр бо арзу дархости хеш бобати ҳалли масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд.

"Мардум бештар ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд. Чунончӣ, дар қабули шаҳрвандони шаҳри Истаравшан ба Раиси вилоят аксари муроҷиаткунандагон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, бунёди муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, таъмиру тармими роҳҳои мошингард ва щайраҳо арзу дархост пешниҳод карданд", — омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои қабули шаҳрвандонро баррасӣ ва баҳри ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда масъулинро муваззаф кардааст.

Ҳамзамон, раиси вилоят масъулини шаҳрро вазифадор кардааст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон, корро ҷоннок кунанд.

Лентаи хабарҳо
0