Қодиров: Чеченистон бо шарофати Путин бар терроризм пирӯз шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкГлава Чечни Рамзан Кадыров
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисоди Чеченистон бозсозӣ шудааст, ҷумҳурӣ бо шарофати раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳайати Русия орому осуда аст, гуфтааст Рамазон Қодиров

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Пирӯзӣ бар терроризм дар Чеченистон бо шарофати раисҷумҳури Русия Владимир Путин сурат гирифт,  гуфтааст Қодиров дар мусоҳибо бо телевизиони "Россия 1".

Ба гуфти вай дар Чеченистон мактабу роҳ,  муассисаҳои иҷтимоӣ низ вуҷуд надошт. Инқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи сифр қарор дошт. Сатҳи бекорӣ наздики сад фисад расида буд.  Аммо мушкилоти аз ҳама бузург терроризми байналмилалӣ буд.

"Дар ҷумҳурии мо намояндагони кишварҳои гуногун ва дастурдиҳандаҳои ғарбиву урупоӣ буданд. Дар асл вазъ бисёр мушкил буд. Ва Худоро шукр, бо шарофати раисҷумҳури мо Владимир Путин ва тасмимҳои ҷиддии ӯ мо бар терроризми байналмилалӣ пирӯз шудем, иқтисодро бозсозӣ кардем ва мушкилоти иҷтимоиро ҳал дорем" — гуфтааст Қодиров.

Вай афзудааст, сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ дар ин солҳо даҳҳо маротиба кам шуда ба 9 дар сад расидааст.

"Дар асл зидагӣ ва афкори ҷомеъа дар ҷумҳурӣ комилан дигар аст. Мардум дар оромиву осудагӣ дар ҳайати Русия зиндагӣ мекунанд. Пеш аз ҳама ин бо шарофати раисҷумҳури Русия ва  раисҷумҳури нахустини мо Аҳмад Қодиров ва мардуми Чеченистон сурат гирифт. Ман бисёр сипосгузорам" — илова кард роҳбари Чеченистон.

Лентаи хабарҳо
0