ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии ҶБВ Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд.
Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар медиҳад.
"Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба Воҳид Самадов ҳадяпулии раисҷумҳур дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ тақдим кард", — омадааст дар хабарнома.
Намояндаи мақомоти Суғд Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.
Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз таваллуд шудааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват шуда, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид набард кардааст.
Барои ҷаросату қаҳрамонӣ Воҳид Самадов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои "Ситораи сурх", "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дараҷаи аввал, "Шараф" — дараҷаи сеюм, ҳамчунин бо 15 медали гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофотонида шудааст.