Дарди дили Меҳрона: мехоҳам холаам маро бубахшад

Обуна шудан
Меҳрона аз зиндагии хонаводагиаш нақл кард. Пас аз марги модар холаи худро модар мешуморад ва барои густохиҳояш аз ӯ бахшиш мепурсад

Модари Меҳрона рӯзноманигор ва падараш низомӣ буд. Вай ҳамчунин як хоҳар дорад. Аммо мутаассифона модараш дар хурдиаш аз бемории саратон даргузашту падараш оиларо тарк кард.

"Модарам моро ба дасти хоҳараш — холаамон супурда буд. Холаам моро калон кард, мехӯронид ва мепӯшонид. Ҳатто беҳтар аз фарзандони худаш бо мо меҳрубон буд. Вай ба мо бисёр корҳоро иҷозат медод. Ман бошам ӯро фиреб медодам ва масхара мекардам. Дар назди бибиам ва модарам шарм медорам. Онҳо наздиктарин одамон дар зиндагии ман ҳастанд. Бибиам доим кӯшиш мекард, ки маро ҳифз кунад, доим дар ҳаққи ман дуо мекард",- ба хотир меоварад вай.

Меҳрона давраи наврасиро мушкил паси сар кард. Пас  аз ҷанҷоли навбатӣ вай хоҳарашро бо худ гирифта, ба хонаи алоҳида кӯчид. Ҳоло каме кор ҳам мекунад, аммо доим дар назди холааш, ки ба ӯ модар гӯён муроҷиат мекунад, худро гунаҳкор меҳисобад.

"Ман ҳайрон шудам, ки модарам барои чӣ ба давраи аввал наомад. Маълум шуд, ки бибиамро ҷарроҳӣ кардаанд. Ман ӯро дӯст медорам ва доим аз вай бахшиш хоҳам пурсид. Мехоҳам ӯ маро бубахшад", — мегӯяд Меҳрона Ғайбуллоева.

Ягона намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона ба давраи нимниҳоӣ гузашт.

Баромади тоҷикдухтарро аҳли толор гарму самимона пешвоз гирифтанд. Се довар тугмаи сабзро пахш карданд.

Меҳрона худ мегӯяд, "ростӣ бовар надошт".

Ғайбуллоева дар ин давра суруди "Искала" (Меҷустам)-и Земфираро иҷро кард.

Меҳрона Ғайбуллоева пештар нақл карда буд, ки каме нотоб шуда буд, барои ҳамин бовариаш ба худаш каме коста шудааст. Аммо барои пирӯзӣ тамоми қувваи худро истифода хоҳад бурд.

Лентаи хабарҳо
0