Хело дар ҳаяҷонам: Меҳрона пеш аз ҳунарнамоӣ аз ҳиссиёти худ нақл кард (НАВОР)

Обуна шудан
Меҳрона Ғайбуллоева мегӯяд, каме нотоб шуда буд, барои ҳамин бовариаш ба худаш каме коста шудааст. Аммо барои пирӯзӣ тамоми қувваи худро истифода хоҳад бурд

Меҳрона-намояндаи Тоҷикистон дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" пас аз чанд дақиқа дар шабакаи НТВ баромад хоҳад кард.

Ӯ пеш аз ҳунарнамоӣ аз ҳиссиёти худ ба мухлисонаш нақл кард.

"Хело дар ҳаяҷон ҳастам. Каме нотоб шуда будам, барои ҳамин шояд аз ҳамин сабаб ба давраи дигар нагузарам. Шонси ман 50 ба 50 аст ба фикри худам", — мегӯяд вай.

Меҳрона қоил мешавад,  ки хело Тоҷикистонро пазмон шудааст ва мехоҳад ба зудӣ ба кишвар бар гардад.

Лентаи хабарҳо
0