ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кумитаи дин дар истинод ба Шурои уламои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шудааст.
"Раёсати Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648 рӯйдоди ҳодисаи "Моҳи нав" рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Пештар хабар дода шуд, ки Шурои уламои Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатиаш оғози моҳи Рамазон ва ҳаҷми садақаи фитрро муайян ва эълом хоҳад кард.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз қабл аз замони оғози рӯза фаро мерасад. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон рӯзи 27 май оғоз шуда буд.
Қариб 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом мебошанд. Ҳамчунин дар кишвар 85 Иттиҳодияҳои ғайримусалмонии динӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Рӯза-яке аз аркони дини Ислом аст, ки гирифтани он барои ҳар як мусалмон фарз мебошад.