Парвариши хук дар мурғхона: боздошти соҳибкор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як марди ҷавони ноҳия бинои мурғхонаро ба иҷора гирифта, дар он ғайриқонунӣ ба парваришу забҳи хук- соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудааст

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони ниҳод мардеро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам- ҷавони 26-сола, моҳи июли соли 2015 дар асоси шартномаи иҷора бинои мурғхона, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияро ба иҷора гирифта, ба парвариш ва минбаъд ба фурӯш баровардани маҳсулоти гуштии хукҳо машғул гардидааст.

"Аз соли 2015 сар карда, ҳар моҳ хукҳои парвариш намудаашро забҳ карда, ба фурӯш бароварда, ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидааст",- афзудааст дафтари матбуотии вазорат.

Птицеводческое предприятие Равис – птицефабрика Сосновская в Челябинской области - Sputnik Тоҷикистон
Суғд: ошхонае, ки дар он мурғҳоро зинда ба зинда меҷӯшониданд, баста шуд

Ҳамин тавр, ҷавони хукпарвар ба буҷаи давлат ба маблағи 72 682,60 сомонӣ андозҳоро пардохт накардааст.

Тафтишоти қазия идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд ошхонаеро, ки дар он мурғҳоро зинда ба зинда мепуханд, бастанд.

Ошхонаи "Мурғи ором" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар он гӯшти мурғи хонагии ҷӯшонидашудаи аълоро пешниҳод мекарданд. Бо вуҷуди ин, миёнаҳои моҳи апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он дида мешуд чӣ гуна таббохони ин ошхона дар шароити даҳшатовари ғайрибеҳдоштӣ мурғҳои зиндаро ба оби ҷӯшидаистодаи дег мепартофтанду, сипас онҳоро пар меканданд.

Сокинони Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки пас аз ошкор шудани ин воқеа, дар тамоми нуқтаҳои хӯроки умумӣ тартибот сар мешавад.

"Дар рафти тафтишот, ки пас аз пайдоиши ин навор шурӯъ шудааст, муқаррар гардидааст, ки кормандони ошхонаи мазкур 15 рӯз пеш бо ҳадафи сарфи 50 дирҳам аз сари ҳар мурғ, дар ошхона "утоқи газ" барои мурғҳои зинда омода кардаанд. Ҳамчунин дар рафти тафтишот норасоиҳои дигари беҳдоштӣ низ зоҳир гардидааст", — гуфт муовини сардухтури Маркази давлатии тафтишоти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ Фурқат Шарипов.

Лентаи хабарҳо
0