Беш аз 25 сол пеш дар Тоҷикистон, 5 майи соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанги бародаркуш танҳо соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ бо миёнравии СММ ба итмом расид.
Аммо муборизаи сиёсӣ дар кишвар бештар аз ду даҳсола идома кард. Коршинос Раҳим Бобохонов мегӯяд, ҷанг танҳо пас аз баста шудани ҲНИТ тамом шуд.
Бобохонов: власть Таджикистана не дала экстремистам радикализировать молодежь
"Ҷанг дар маънои идеологӣ дар Тоҷикистон танҳо соли 2015 тамом шуд. Зеро то ин вақт дар кишвар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекард. Аммо Ҳукумати кунунии дар охир пирӯз шуд",- мегӯяд Раҳим Бобохонов.
Вай афзуд, Тоҷикистон дар ҳифзи ҷавонони кишвар аз ифродгароӣ дастболо аст.
Маълумоти бештарро аз сабти овозии боло гӯш кунед.