ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Шоири зиндаёд Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тавсиб расидааст.
"Марҳум Бозор Собир —шоири халқии Тоҷикистон дар Оромгоҳи мемориалии Лучоби шаҳри Душанбе дафн карда шавад",- гуфта мешавад дар банди аввали қарор.
Тибқи санади мазкур бояд муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К., директори муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҷидов Р.Ҳ. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Шаҳрдории Душанбе ҳанӯз ҳам хабар надодааст, ки маросими дафни шоир кай баргузор мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки ҷанозаи Бозор Собирро ба Тоҷикистон меоранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш додааст, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан биёранд. Наздикони шоир гуфтанд, ки бо ин иқдоми Тоҷикистон розиянд, аммо ҳоло рӯзи маросими дафн маълум нест.
Якуми май соли равон Бозор Собир-шоири тавонои тоҷик дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон вафот кард.