Амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмун

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки шаҳрдории Душанбе бо мақомоти марказӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар самти ободонию бунёдкорӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ бунёди боғу гулгашт дар Душанбе озмун гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Дар ин бора 27 апрел Амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Ҳамзамон тибқи Амри мазкур, комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шудааст.

Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ сарвазири Тоҷикистон, муовинони раиси комиссия ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Кумитаи рушди маҳали назди раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе ва аъзои комиссия аз ҳисоби муовинони вазирон ва раисони кумитаву идораҳо  интихоб гардидаанд.

Рустам Эмомали открыл строительство Дворец счастья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ мардуми Душанберо "хушбахт" мекунад

Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ вазифадор гардидааст, ки тартиби баргузории озмунро ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ намояд.

Ҳамзамон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур вазифадор гардидаанд, ки тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мақомоти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки мувофиқан озмун оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла гузаронида, комиссия оид ба баргузории озмуни мазкурро таъсис дода, ҳайати он ва тартиби баргузории озмуни зикршударо тасдиқ намоянд. Комиссия озмунро ҷамъбаст карда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур менамояд.

Лентаи хабарҳо
0