"Ӯ малика аст": Шабнам Сурайё дар бораи Юлдуз Усмонова

© © Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабнам Сурайё сарояндаи номдори тоҷик дар бораи ҳунарнамоӣ дар Ҷашнвораи "Баҳори Бойсун" нақл кард

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Шабнам Сурайё дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи Узбакистон дар Ҷашнвораи "Баҳори Бойсун" ҳунарнамоӣ кард.

"Сипос Узбакистон барои пешвози гарм ва меҳмоннавозӣ. Бисёр шодам, ки бори дигар ин ҷо будам", навиштааст сароянда дар саҳифаи Instagram-и худ.

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnam.surayo) 29 Апр 2018 в 12:30 PDT

 

Ҷашнвораи "Баҳори Бойсун" 28-29 апрел дар Узбакистон баргузор шуд.

Дар баробари  Шабнам Сурайё, дар барнома гурӯҳи рақсии "Лола", театр-студияи "Падида" ва дигар ҳунармандон ҳунарнамоӣ кардаанд.

"Бо примадонна Юлдуз Усмонова. Бисёр хуб буд бо шахси оқил будан. Ӯ малика аст",- изҳори муҳаббат мекунад Шабнам ба Юлдуз.

 

Соли гузашта дар ҷашнвора ҳунармандон аз гӯшаву канори Узбакистон иштирок доштанд. Имсол ба "Баҳори Бойсун" ҳунармандони тоҷикро низ даъват кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳунармандони тоҷик дар сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Аввоилии тирамоҳ кишвардори Тоҷикистон ба Узбакистон сафар хоҳад кард ва дар Тошканд як барномаи дигари Шоми дӯстӣ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0