ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боридани борону жола пешбинӣ мешавад.
Ба иттилои Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, тӯли чанд рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои пуршиддат ва баъзан жола дар назар аст. Пастшавии ҳарорат то +8 +10 дараҷа дар водиҳо пешбинӣ мешавад.
Ҳамчунин шиддатёбии вазиши бод аз сӯи ғарб то 15-20 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрии боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, боридани жола ва ба амал омадани раъд барқ дар назар аст. Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +15 +20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Эҳтимолан дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона +18 +20 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +11 +13 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.