Дар ҳолати мастӣ: ду сокини Рӯшон ҳамшаҳриашонро то мурдан лату кӯб карданд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина показывает разбитый кулак, архивное фото
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад, муттаҳамон дар ҳолати мастӣ бо ҷабрдида ҷанҷол кардаанд. Манбаъ тавзеҳ намедиҳад, ки далели сар задани хархаша дар чӣ буд, аммо онҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар ҳолати мастӣ ду сокини Рӯшон ҳамшаҳриашонро то мурдан лату кӯб каранд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, кормандони милиса ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бозҷӯӣ ду сокини ноҳияи Рӯшонро ба иттилоҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт карданд.

Онҳо марди 53-сола, ки пеш, ки пештар ба ҳукми додгоҳ маҳкум шудааст ва марди 46-сола, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, мебошанд.

"Номбурдагон санаи 13-уми апрели соли 2018, тахминан соати 11.00-дақиқа, дар соҳили дарёи Панҷ, дар мавзеъи бошишгоҳи "Шоҳ-Носир", воқеъ дар деҳаи Дерушонӣ, дар ҳолати мастӣ бо марди 43-солаи сокини деҳаи Рушон, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти кунд ба сару рӯяш задаанд",- омадааст дар иттилои манбаъ. 

Дар натиҷа, мувофиқи маълумотномаи Ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ таҳти №5 аз 27-уми апрели соли 2018, номбурда зарари вазнин ба саломатиаш бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Нисбати гумонбарон бо моддаи 110 қисми 2 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0