ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Хонуми аввали Узбакистон Зироат Мирзиёева имрӯз, 30 апрел бо хонуми якуми Туркия Эмина Эрдуғон мулоқот кард.
Эмина Эрдуғон дар ин бора дар саҳифаи тавиттериаш хабар додааст.
Özbekistan'ın başkenti Taşkent'te Ziraathan Mirziyayeva Hanımefendi ile verimli bir görüşme yaptık. Samimi ev sahiplikleri için çok teşekkür ediyorum. pic.twitter.com/SKz8IBiKyV
— Emine Erdoğan (@EmineErdogan) 30 апреля 2018 г.
"Дар пойтахти Узбакистон, дар Тошканд бо ҳамсари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кардем. Аз Зироат Мирзиёева барои меҳмоннавозии самимонаашон миннатдорам", — менависад вай.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 29 апрел бо сафари давлатӣ вориди Узбакистон шуд. Ҳоло гуфтушуниди ҷонибҳо идома дорад.
Дар ин дидор сарони Узбакистону Туркия масоили рушди муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.