ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар Суғд дар Иди Ғалаба собиқадоронро ройгон ташхиси пизишкӣ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати Суғд хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ санаи 9 май дар қаламрави вилоят Рӯзи Ғалаба ботантана таҷлил карда мешавад.
"Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 20 апрели соли 2018, № 152 ба тасвиб расид", — меафзояд манбаъ.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда бахшида ба Рӯзи Ғалаба гузаронидани Ҳафтаи поси хотир, аёдати иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида, мулоқоту вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҶБВ, ташкили хизматрасониҳои ройгони тиббӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ташкили посбонҳои фахрӣ дар пояи муҷассамаю ёдгориҳои шаҳидони ҶБВ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Туркманистон ва занҳое, ки шавҳаронашон дар ҷанг фавтидаанд, дар арафаи 9-уми май мукофотпулии якдафъаина дар ҳаҷми 200 манат (тақрибан 57$) ва ҳадяҳои қимматбаҳо мегиранд, иттилоъ медиҳад телевизиони Туркманистон.
Дастури муносибро дар ҷаласаи ҳукуматӣ раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуаҳамедов имзо намуд.
Санад ба мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин ба дастгоҳи Шӯрои пиронсолони Туркманистон тавсия медиҳад, ки ба муносибати 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба собиқадорони ҷанг ва занҳое, ки шавҳаронашон дар ҷабҳа фавтидаанд, аз номи раисиҷумҳури Туркманистон, дар фазои тантанавӣ 200 манатӣ мукофотпулӣ ва ҳадяҳои қимматбаҳо, эҳдо гардад.