ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Шоми гузашта, 28 аарел дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминларзаи шадид рух дод, ки қувваи он 5,8 балро ташкил медод, хабар медиҳад Маркази заминларзашиносии Урупо (EMSC).
Бино бар иттилои коршиносон, маркази заминҷунбӣ 850 килеметрии ҷанубу ғарбии Остона дар жарфои 80 км аст. Дар бораи талафоти ҷониву молии зилзила хабар дода нашудааст.
Map of the testimonies received so far following the #earthquake M5.4 in Hindu Kush Region, Afghanistan 44 min ago pic.twitter.com/fHyKaes2TE
— EMSC (@LastQuake) 28 апреля 2018 г.
Пештар хабар дода шуд, ки ар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Заминҷунбӣ соати 15:52 бо вақти Гринвич (20:52 бо вақти Душанбе) рух додааст, омадааст дар хабарнома.
Дар Душанбе заминларза бо қувваи 2 баллӣ эҳсос шудааст.
Қувваи заминларза дар марказаш 3 баллро ташкил додааст. Маркази он 272 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст.
Коршиносон қайд мекунанд, ки ин ҳодиса харобие дар пай надоштааст.