Маълум шуд, кӣ аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия дохил шудааст

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеВступительные испытания в Таджикском национальном университете
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯёни ояндаи донишгоҳҳои Русия, бояд то 1 майи соли 2018 ҳуҷҷатҳои лозимаро ба хуҷраи шахсӣ ворид намоянд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Spitnik. Дар Тоҷикистон даври интихобӣ барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия анҷом ёфт, хабар медиҳад маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе.

Рӯйхати довлатабоне, ки ба макотиби олии Русия дохил шудаанд, дар торномаи ин ниҳод мунташир шудааст.

Донишҷӯёни ояндаи донишгоҳҳои Русия, бояд то 1 майи соли 2018 ҳуҷҷатҳои лозимаро ба ҳуҷраи шахсӣ ворид намоянд.

"Довталабоне, ки то замони муқарраршуда ҳуҷҷатҳои лозимаро ба ҳуҷраи шахсӣ дохил намекунанд, аз бурсияи таҳсил маҳрум мешаванд. Ҳуҷҷатҳо бояд ба забони русӣ баргардонида шуда бошанд", —қайд мешавад дар хабарнома.

Даври ниҳоии дохилшавиро донишгоҳҳои Русия баргузор мекунанд. Онҳо аз миёни довталабоне, ки аллакай дохил шудаанд, барои макотиби хуб донишҷӯй интихоб мекунанд.

Маблағи роҳ то донишгоҳҳо, бимаи тиббӣ ва ғайра аз ҳисоби худи донишҷӯй пардохт мешавад.

Лентаи хабарҳо
0