Гурӯҳи "Шамс" ва Таҳмина Ниёзова дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

Обуна шудан
Консерте, ки дар он гурӯҳи "Шамс" ва Тахмина Ниёзова ҳунарнамоӣ мекунанд, рӯзи 5 май дар Маскав баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Гурӯҳи "Шамс" ва Тахмина Ниёзова дар Маскав дар Созмони тоҷикистониён ҳунарнамоӣ мекунанд.

Консерт 5 май дар клуби Lookin Room дар суроғаи Тверская хонаи 18 баргузор мешавд. Оғози барнома соати 17:00.

 

 

Ёдрас мешавем, Тоҳмина Ниёзова дар Русия, дар соли 2008, дар озмуни "Пять звезд. Интервидение" пирӯз шуда, дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳратёб гашта буд.

Аввалин албоми сароянда дар соли 2012 бо номи "Нози ишқ" дастраси муштариёнаш гардид. Таҳмина Ниёзова — набераи ҳунарманди маъруфи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов аст.
Сурудҳои Таҳмина на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ ва англисӣ низ садо додаанд.

Пештар ин бонуи тоҷик хабар дода буд, ки дар озмуни Eurovision 2018 ширкат мекунад.

Овозхон дар ин озмун аз номи кишвари урупоии Сан-Марино ширкат хоҳад кард.

Таҳмина мегӯяд, Сан-Марино дар интернет барои интихоби намояндааш дар Eurovision 2018 озмун эълон кард ва ӯ низ бахти худро санҷиду аз давраи аввали он гузашт.

"Ман давраи интихобиро гузаштаам. Акнун бояд ҳамчун овозхон дар вебгоҳи озмун, ки он ҷо суруди ман аст, писанди бештареро ҷамъ оварам", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи овозхон, дар сурати ба даст овардани писанди бисёр вай ба даҳгонаи беҳтарин овозхонҳои Сан-Марино ворид хоҳад шуд ва рақобатро барои ширкат дар Eurovision 2018 идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0