Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото
Мужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо то 34 дараҷа гармӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Имрӯз, 28 апрел дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +29 +34 гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво +9 +11 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад.

Лентаи хабарҳо
0