Рози осорхонаи Садриддин Айнӣ: гузориши аксӣ

Обуна шудан
Ба муносибати 140-солагии нависандаи барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Хона-музеи ӯ дар шаҳри Душанбе таъмир карда шуд

Садриддин Айнӣ-нависандаи тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, олим, муаллифи осори таърихӣ ва адабии мардуми Осиёи Марказӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Номи воқеъии ӯ-Садриддин Саид-Муродзода аст.

Расми Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе 140 солагии Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешавад

Навсианда 27 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктари ноҳияи Бухоро (Узбакистони имрӯза) ба дунё омадааст.

Айнӣ бо ходимони намоёни даврони худ аз қабили Садри Зиё, домулло Икромча в дигарон ошно буд. Садриддин Айнӣ ҳамчунин аз узви фаъоли ҳаракати ҷадидони замони худ буд.

Ӯ дар барқарорсозии ҳокимияти Советӣ дар Бухоро фаъол буду аслан бо корҳои адабӣ машғул буд.

Садриддин Айнӣ осори гаронарзишеро навишта ва боқӣ мондааст. Асарҳои ӯ аз ҷумла: "Одина", "Дохунда", "Ятимон", "Марги судхӯр", "Ёддоштҳо" ва ғайра мебошад.

Аз 14 апрели соли 1951 Садриддин Айнӣ-президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони советӣ буд.

Ӯ бо И.В. Сталин, М. Горкий, Я. Колас, Ю. Фучик ва С.П. Бородин дидору мулоқот кардааст.

Садриддин Айнӣ бо ҷоизаи дараҷаи дуввуми ба номи Сталин (1950) бари китоби "Ёддоштҳо", бо се ордени ба номи Ленин, медали Меҳнат қадрдонӣ шудааст.

Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистони советӣ, академики Академияи илмҳои Узбакистони советӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон будааст.

Ба номи Садриддин Айнӣ ноҳияҳо, кӯчаҳо, театру донишгоҳҳои зиёде дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон гузошта шудаааст.

Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) даргузашт.

Дар шаҳри Душанбе Хона-музеи Садриддин Айнӣ воқеъ аст, ки дар он ёдгориҳои зиёде аз зиндагии нависанда нигоҳ дошта мешавад.

© Sputnik / Амир Исаев27 апрел аз солрӯзи Садриддин Айнӣ-асосгузори адабиёти муосири тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, олим, Қаҳрамони Тоҷикистон-140 сол пур мешавад.
Осорхонаи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/10
27 апрел аз солрӯзи Садриддин Айнӣ-асосгузори адабиёти муосири тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, олим, Қаҳрамони Тоҷикистон-140 сол пур мешавад.
© © Sputnik / Амир ИсаевДар чорчӯби омодагӣ ба таҷлили зодрӯзи нависанда, Хона-музеи Айнӣ таъмир карда шуд.
Ҳаҷраи кории Садриддин Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Дар чорчӯби омодагӣ ба таҷлили зодрӯзи нависанда, Хона-музеи Айнӣ таъмир карда шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевПас аз 40 соли мавҷудияти Хона-музеи Садриддин Айнӣ дар пеши он акси нависанда пайдо шуд.
Осорхонаи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Пас аз 40 соли мавҷудияти Хона-музеи Садриддин Айнӣ дар пеши он акси нависанда пайдо шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевҲамчунин боми музей, пештоқ ва назди ҳавлӣ ҳам таъмир шуд.
Муҷассамаи вақти марги Айни, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Ҳамчунин боми музей, пештоқ ва назди ҳавлӣ ҳам таъмир шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевМаҷмӯъи осори Айнӣ дар 24 том аз нав мунташир мешавад.
Пайкараи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
5/10
Маҷмӯъи осори Айнӣ дар 24 том аз нав мунташир мешавад.
© © Sputnik / Амир ИсаевДар назар аст, ки дар оянда дар ин макон китобхона ва маркази фарҳангӣ ҳам ифтитоҳ шавад.
Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар Хона-музеи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Дар назар аст, ки дар оянда дар ин макон китобхона ва маркази фарҳангӣ ҳам ифтитоҳ шавад.
© © Sputnik / Амир ИсаевДар ин хона, ки дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 1 воқеъ аст, Садриддин Айнӣ аз соли 1951 то 1954 зиндагӣ кардааст.
Муҷассамаи айнӣ дар Хона-музеаш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Дар ин хона, ки дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 1 воқеъ аст, Садриддин Айнӣ аз соли 1951 то 1954 зиндагӣ кардааст.
© © Sputnik / Амир ИсаевИн манзил соли 1978 ба муносибати 100 солагии нависанда, ба осорхона табдил дода шуд.
Осорхонаи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Ин манзил соли 1978 ба муносибати 100 солагии нависанда, ба осорхона табдил дода шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевИн Хона-музей аз чанд ҳуҷра иборат буда, ҳар яке аз онҳо аз зиндагӣ, фаъолият ва шахсияти Айнӣ қисса мекунад.
Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар Хона-музеи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Ин Хона-музей аз чанд ҳуҷра иборат буда, ҳар яке аз онҳо аз зиндагӣ, фаъолият ва шахсияти Айнӣ қисса мекунад.
© Sputnik / Амир ИсаевДар ҳоли ҳозир Хона-музеи Садриддин Айнӣ иншооти давлатии фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
Сурати Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Дар ҳоли ҳозир Хона-музеи Садриддин Айнӣ иншооти давлатии фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0