Мансабдорон ба машқи пагоҳирӯзӣ мебароянду худро лоғар мекунанд

CC0 / Pixabay / Зарядка, архивное фото
Зарядка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҳадафи машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ширкати кормандони ҳукумат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад, хабар медиҳад равобити умумии кумитаи ҷавонон ва варзиш.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, 28 апрел кормандони Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар "Боғи ҷавонон", Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат дар Боғи "Парчами давлатӣ", Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод "Рӯдакӣ", Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат ва Кумитаи забон ва ислоҳоти ҷумҳурӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт машқ мекунанд.

Чиновники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз раис то вазир: пагоҳ масъулини вазорату идораҳои Душанберо ба машқи пагоҳӣ мебароранд

Ҳамчунин, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншоотҳои варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Манбаъ афзуда, ки кормандони мақомоти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони Ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ ҷалб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0