Путин: Русия бе фанноварӣ ақиб мемонад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ақибмонии Русияро пешбинӣ кард. Ӯ гуфт агар гомҳои муносиб дар ҷодаи рушду инкишофи кишвар монда нашаванд, Русия ақиб хоҳад монд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Русия бояд пешрафти фанноварӣ кунад, мегӯяд раисҷумҳур Владимир Путин.

Вай қайд кард, ки Русия метавонад дар рӯи тавоноии иқтидори низомии худ танҳо ду-се даҳсолаи дигар монаду бас, вале бояд ба он тарафи уфуқ назар кард.

"Ман дар паёми худ роҷеъ ба пешрафт гуфтам, ҳарчанд хулосагирӣ ҳанӯз барвақт аст, ки агар мо онро амалӣ накунем, моҳият ҳам ҳамин аст, пас ноумедона ақиб хоҳем монд. Воқеъан ақиб мемонем, мефаҳмед. Ин оқибатҳои хеле бад дорад. Хайр, чанд муддат мо тоқат мекунем, он чизе, ки мо дорем, ба мо мерасад, дар ин бора ман дар бахши дуюми паёми худ гуфта будам, дар давоми ду ё се даҳсола мо бо боварӣ зиндагӣ хоҳем кард, аммо баъд чӣ?!", — шарҳ дод Путин дар суханронии худ дар ҷаласаи кушодашавии анҷумани Иттиҳодияи ректорҳои Русия.

Президент РФ В. Путин встретился с руководителями спецслужб СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Путин кор бо муҳоҷиронро мушкили музмини Маскав гуфт

Вай зикр кард, ки абармардони илм бояд бисёр дур бинанд, ҳатто то ба он тарафи уфуқ.

"Ва мардумро бояд ба ин кор омода намуд", — илова кард раисҷумҳур. 

Хотиррасон мекунем, ки 1 марти соли 2018 раисҷумҳур Владимир Путин бо Паёми навбатӣ ба Ҷаласаи федералии Федератсияи Русия, суханронӣ кард.

Бахши зиёди вақти баромади худро вай ба масоили рушди иқтисод, бартарафкунии мушкилиҳои иҷтимоӣ бахшида буд.

"Замоне раисиҷумҳур дар бораи он гап зад, ки чӣ тавр мушкилоти манзил ҳалли худро меёбад, вай арқоми дақиқро барои мисол овард, ки ҳар сол чанд оилаи ҷавон соҳиби хонаи шахсии худ мегарданд. Ҳамаи ин хеле равшану дақиқ ва ниҳоят боддиқатона ҳисобида шудааст", — шарҳ дод баромади Путинро доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессори ДДМ ба номи Ломоносов  Андрей Манойло.

Маълум буд, ки сатҳи зиндагии шаҳрвандони оддии Русия ва афзоиши он — вазифаи асосии стратегии кишвар аст, ки барои ҳалли он тамоми захираҳо равона карда мешаванд, ҳамон вақт гуфта буд Манойло.

Лентаи хабарҳо
0