"Баҳори Бойсун": Шабнам Сурайё дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунад

© © Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашнвораи "Баҳори Бойсун" 28-29 апрел дар Узбакистон баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандон ва намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино бар гузориши Sputnik Узбакистон дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхандарёи кишвар  Ҷашнвораи "Баҳори Бойсун"  баргузор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, соли гузашта дар ҷашнвора ҳунармандон аз ҳама гӯшаву канорҳои Узбакистон иштирок доштанд. Имсол ба "Баҳори Бойсун" ҳунармандони тоҷикро низ даъват кардаанд.

"Барои ширкат дар ҷашнвораи ҳунармандони Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумат низ ба Узбакистон сафар мекунанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, дар барнома овозхони номдори тоҷик Шабнам Сурайё, гурӯҳи рақсии "Лола", театр-студияи "Падида" ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

 Афзун ба он, дар ҷашнвора намояндагони Ҳукумати кишвар —  вилояти Хатлон, ноҳияҷи Шаҳринав ва Шаҳрритуз ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор даъват шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳунармандони тоҷик дар сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Аввалҳои тирамоҳ кишвардори Тоҷикистон ба Узбакистон сафар хоҳад кард ва дар Тошканд як барномаи дигари Шоми дӯстӣ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0