ДУШАНБЕ, 26 апр— Sputnik. Чанде пеш вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба ноҳияи Рашт сафар кардааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорат.
Гуфта мешавад, ки Раҳимзода дар ҷараёни сафари корӣ, як зумра шаҳрвандонро қабул намуда, арзу муроҷиати онҳоро баррасӣ кардааст.
Ба гузориши манбаъ, мардуми Рашт бештар ҷиҳати расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ, қаллобӣ, содиршавии ҷиноятҳо ба вазири корҳои доххилӣ шикоят кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар баробари қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат, ҳамзамон ба воситаи телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, телефони "Мадад 1919" ва сомонаи расмии ВКД мунтазам дар иртибот бо корафтодагон масъалаҳои ба миёномада чораҷӯӣ карда мешаванд.