Бозигарони навраси "Помир" Тоҷикистонро дар Сочи муаррифӣ мекунанд

© © Пресс-служба Мегафон ТаджикистанЮные футболисты едут в Сочи
Юные футболисты едут в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони дастаи мактаб-интернати "Помир" Тоҷикистонро дар даври ниҳоиии сабқати "Оянда аз ту вобаста аст" муаррифӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сабқати футбол, ки ҳашт сол боз аз ҷониби ширкати "Мегафон Тоҷикистон" баргузор мешавад, маъмулан дар шаҳри Сочи ҷамъбаст мешавад.

Бозигарони даври ниҳоӣ барои туҳфаи аслӣ-сафар ба Лондон ба меҳмонии клуби "Арсенал" рақобат мекунанд.

Дастаи Помир-Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии бесобиқа: дастаи футболи ВМКБ дар сабқати ҷумҳуриявӣ пирӯз шуд

Сабқати футболи "Оянда аз ту вобаста аст" бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон гузаронида мешавад. Имсол сабқати ҷумҳуриявӣ бо пирӯзии дастаи "Помир", ки бо ҳисоби 3:1 рақибони худро аз дастааи "Рӯшон" шикаст доданд, анҷом ёфт.

"Соли 2011 варзишкорони тоҷик дар ин сабқат пирӯз шуданду ба Лондлон сафар карда буданд. Яке аз ин бозигарон ситораи футболи Тоҷикистон-Парвиз Алиев буд, ки соли сеюм мешавад, дар дастаи "Хуҷанд" бозӣ мекунад. Аз самими қалб ба футболбозонамон комёбӣ орзу дорам", — гуфт мудири ширкати "Мегафон Тоҷикистон" Анатолий Изюминков.

Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон ҳар сол то зинаи охирини сабқат роҳ меёбад ва дастаи "Помир" ҳам имконияти хуб дорад, танҳо бояд ба техникаи хуби бозигарӣ каме боварӣ илова карду халос.

Акнун дастаи "Помир" барои сабқати сатҳи байналмилалӣ омодагӣ мебинад: маъмулан дар Сочи беҳтарин футболбозони мактаб-интернатҳои Русия ва дигар кишварҳо ҷамъ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0