Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилояти Суғд мулоқот кард

© Дафтари матбуотии вилояти СуғдМулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёони вилояти Суғд
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёони вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқот роҳбарони ташкилоту идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, олимону адибон, аҳли санъату ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раиси виляти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилоят мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Дар мулоқот роҳбарони ташкилоту идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, олимону адибон, аҳли санъату ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши зиёиёни кишвар дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон ҳарф зада, фаъолияти як қатор муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, аз ҷумла осорхонаву китобхонаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

"Мулоқоти имрўзаи мову шумо дар партави мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ баргузор шуда буд ва ба ифтихори гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат, 140 — солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор мешавад", — гуфтааст Аҳмадзода.

Расми Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе 140 солагии Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешавад

Вай аз саҳми фарзандони нобиғаи миллат дар олами мутамаддин ҳарф зада, зикр дошт, ки дар байни онҳо устод Садриддин Айнӣ бо рўзгору пайкори созанда ҷойгоҳи махсуси худро доштанд.

"Дар даврони Истиқлолият асарҳои безаволи устод Садриддин Айнӣ аз нав ба табъ расиданд. Муждаи шодиовар он буд, ки соли 2005 китоби гумгаштаи устод «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» аз рўи дастнависи ягонаи муаллиф ҳамчун ҷилди 14-уми «Куллиёт»-и устод нашр гардид. Ҷашни устод Садриддин Айнӣ ҳам дар замони зиндагӣ ва ҳам пас аз даргузашти ин алломаи миллат ботантана таҷлил мегардад. Аз ҷумла, соли 1978 садумин солгарди зодрўзи устод бо қарори махсуси ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуда буд",- афзуд Аҳмадзода.

Дар мулоқот бо аҳли зиё Раиси вилоят мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими муҳити маънавӣ, аз ҷумла илмомўзӣ ва пос доштани забони давлатӣ баён намуд.

"Боиси зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзун гардида, ба тадриҷ сафи омўзгорону устодони соҳибунвон меафзояд. Ҳоло шумораи муассисаҳои олии вилоят ба 8 адад расида, раванди анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамасола густариш пайдо менамояд, — таъкид дошт раиси вилоят.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо зиёиён - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Раҳмон дар дидор бо зиёиён: масъулин завқ надоранд

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон, аз вазифаҳои минбаъдаи аҳли зиёи вилоят ҳарф зада, аз ҷумла бобати вусъати омодагиҳо ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ ва нобиғагони миллат, нашри осори баландпоя, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ фикру андешаҳои судманд иброз дошт.

Ҳамзамон, Аҳмадзода ба якчанд зиёиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пулиро тақдим дошт.

Дар мулоқот  Аҳмадҷони Раҳматзод — раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир — ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Fафурҷон Ҷўраев — раиси Шўрои вилоятии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Сайрам Исоева — Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Осими Орифпур — муовини мудири Муассисаи давлатии "Суғдсинамо" ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0