Сафир тавзеҳ дод, ки чаро мушкилоти Афғонистон ба кишварҳои ОМ таъсир мерасонанд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкЧрезвычайный и Полномочный Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото
Чрезвычайный и Полномочный Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пайвастагии аз ҳад зиёди Афғонистон ба ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ, метавонад боиси он гардад, ки мушкилоти мавҷудаи ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигари минтақа табдил ёбанд, боварӣ дорад Лякин-Фролов

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сафир ва коршиносон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дурнамои раванди ҳамгироиро дар мизи мудаввари Душанбе баррасӣ карданд.

"Қадимтарин ва муҳимтарин майдон барои ҳалли масоил дар соҳаҳои мухталифи паҳнои пасошуравӣ, боз ҳам ИДМ боқӣ мемонад. Бинобар ин, барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва амният, созмонҳои СПАД ва СҲШ таъсис дода шуда буданд", — тавзеҳ дод сафири Русия  дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Вай афзуд, ки вақтҳои охир ҳамгироии АвруОсиё худро фаъолона муаррифӣ мекунад, ки дар марҳалаи мазкур як иттиҳодияи устувори иқтисодӣ — Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИAО) — ба шумор меравад. Вай дар асоси манфиатҳои амиқи кишварҳои узви ИИАО таъсис дода шуда, ҳадафманди фазои ягонаи иқтисодӣ аст.

"Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳаққи мустақилонаи узвият ба ин ё он иттиҳодия дар паҳнои пасошӯравиро дорад, ҳамчунин шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ бо ИИАО вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо — мақоми нозир дар Иттиҳод аст. Чанде пеш он ба дӯстони тоҷики мо пешниҳод шуда буд", — иқтибос меорад суханони сафирро РИА Новости.

Сафири Русия ҳамчунин ба масъалаи ҳамкорӣ бо Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар айни замон таъкид кард, ки пайвастагии аз ҳад зиёди Афғонистон ба ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ, метавонад боиси он гардад, ки мушкилоти мавҷудаи ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигари минтақа табдил ёбанд.

"Аммо роҷеъ ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯбаи минтақа ҳаминро бояд гуфт, ки Русия ин тамоилро дастгирӣ мекунад ва боварӣ дорад, ки дар маркази таваҷҷӯҳи чунин иттиҳодияи ҳамгироӣ пеш аз ҳама бояд вазифаҳои иқтисодӣ миллӣ, қарор гиранд", — таъкид намуд Лякин Фролов.

Дар чорабинӣ ҳамчунин сафирони Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва намояндагони ҷамъиятҳои коршиносиву илмии Тоҷикистон, иштирок доштанд.

Лентаи хабарҳо
0