ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ирино Лой дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 25 апрели соли 2018 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон консерти хосаи лауреати озмунҳои байналмилалӣ, солисткаи операи Театри калони давлатии академии Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ инчунин Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов ва солисти опера Манучеҳр Раҳмонов иштирок доштанд.
Дар барномаи консертӣ арияҳо аз операҳои "Ромео ва Ҷулйета", "Травиата", "Аида", "Тоска", "Русалка", "Дон Карлос", "Трубадур" ва дигарон иҷро шуданд.
Роҳбари бадеии барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, саркоргардон Сайфулло Усмонов, сархормейстер Елена Тиллоева ва сарбалетмейстер Мария Левитская буданд.