ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ин бора, сафири Тоҷикистон дар Белорус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири тандурустии ин кишвар Валерий Малашко суҳбат кардааст, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки 23 апрели соли 2018 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Белорус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири тандурустии Белорус Валерий Малашко баргузор гардидааст.
Ҷонибҳо дар ин дидор, сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Белорусро дар соҳаи тиб ва тандурустӣ мавриди баррасӣ кардаанд.
Вазиру сафир оид ба такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибот, афзоиш додани воридоти маҳсулоти тиббии истеҳсоли Белорус ва созмон додани ширкатҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз захоири табиии ватанӣ ва гиёҳҳои шифобахш мубодилаи афкор намудан.
Ҳамзамон дипломати тоҷик барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳавасмандӣ кардааст.