Борону жола: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЛивень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 25 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боридани борону жола пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сильный дождь в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор: барои се рӯзи охир дар Тоҷикистон тӯфону жола ва борону барф пешбинӣ мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок гашта, борон меборад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли боридани жола дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ гашта, раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 14-16 ва рӯзона 18-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0