ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар меҳмонхонаи "Регистон плаза"-и шаҳри Самарқанд бо ширкати доираҳои тиҷории вилояти Суғд ва Самарқанд Бизнес – форум ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Дар намоишгоҳ, беш аз 80 корхонаи саноатии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро ба маърази тамошо гузоштанд ва 20 ширкати сайёҳӣ имкониятҳои худро муаррифӣ намудаанд.
Дар намоиш соҳибкорони вилояти Самарқанд низ маҳсулоти корхонаҳои худро муаррифӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки вилояти Суғд аз минтақаҳои саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, танҳо дар соли 2017 ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст.
Дар чорчӯби ин ҳамоиш, роҳбарони ду вилоят санади ҳамкориро байни вилояти Самарқанди Узбакистон ва Суғди Тоҷикистон имзо кардаанд.
"Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Самарқанд, инчунин соҳибкорони вилоятҳо дар маҷмӯъ беш аз 160 Ёддошти тафоҳум, суратҷаласаҳои мувофиқавӣ барои ҳамкорӣ ва шартномаҳо барои воридоту содироти молу маҳсулот ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии он беш аз 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин ҳамоиш, дар мавзӯи "Рушди ҳамкории манфиатбахш байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" презентатсия сурат гирифта, имкониятҳои гардишнггарӣ, санаъти бофандагӣ, сохтмон ва Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ба ҳозирин муаррифӣ шудааст.
Манбаъ афзуда, ки соҳибкорони вилоятҳо бо ҳам рӯ ба рӯ мулоқот намуда, омодагии хешро баҳри густариши ҳамкориҳо баён кардаанд.