Болливуд дар Точикистон: дар Душанбе Ҷашнвораи синамои Ҳинд ифтитоҳ шуд

© REUTERS \ Rupak De ChowdhuriУчастники фестиваля Холи в Индии делают селфи
Участники фестиваля Холи в Индии делают селфи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақсади баргузории ҷашнворатаҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филми ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарини дастовардҳои синамогарони Ҳиндустон аст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik.  Дар Душанбе Ҷашнвораи синамои Ҳинд ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, сафири фавқулода ва мухтори  Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали ҷашнвора филми ҳунарии "Манҷӣ" намоиш дода шуд.

"Манҷӣ- сокини як деҳаи дури Ҳинд аст, ки атрофашро кӯҳҳо иҳота кардаанд ва ӯ қавл медиҳад, ки кӯҳҳоро шикаста, ба олами берун роҳ мекушояд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Ҷашнвораи синамои Ҳинд то 25 апрел идома меёбад. Дар доираи фестивал ҳамарӯза соати 16:30 дар хонаи синамои "Зебунисо"як филми ҳунарии ҳиндӣ намоиш дода мешавад. Ҳамаи филмҳо ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, намоиш бо дубляжи тоҷикӣ ва зернависи англисӣ сурат мегирад. Даромад ба намоиши филм ройгон аст.

Мақсади баргузории фестивал таҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филми ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарини дастовардҳои синамогарони Ҳиндустон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0