ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар ин машварат ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Фаластинро муовини вазири корҳои хориҷӣ Мозин Шомия роҳбарӣ кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Дар ин дидор, тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ кардаанд.
Сиёсатмадорон аз ҷумла масоили рушди муносибот дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро муҳокима кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ, изҳори омодагӣ намудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки нахустин ройзаниҳо миёни вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Фаластин дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.
Дар ин мулоқот таҳияи санадҳои дуҷониба барои густариши заминаи қонуниву ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуданд.