Бори аввал: донишомӯзони тоҷик аз Малазия 13 медали тилло оварданд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкСдача ЕГЭ , архивное фото
Сдача ЕГЭ , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҷмӯъ ихтироъкорони ҷавони тоҷик дар Малайзия соҳиби 34 медал гардиданд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Наврасони ихтироъкори тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 13 меди тилло гаштанд. Ҳамагӣ донишомӯзони тоҷик бо 34 медал ба Тоҷикистон бар гаштанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ,  дар ҳафтумин олимпиадаи байналмилалии наврасони ихтироъкор (Malaysian International Young Inventors Olympiad (MIYIO 2018), ки дар шаҳри Кедахи Малайзия баргузор гардид, донишомӯзони тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил шуданд.

"Тоҷикистонро хонандаҳои Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон, Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, литсейи кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд, мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе ва литсейҳо барои кӯдакони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода муаррифӣ карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе 4 медали тилло ба даст оварданд. Хонандагони литсей барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби се медали тилло ва хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ соҳиби ду медали тилло гардиданд. Инчунин, хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мукофоти махсуси ҳайати доварони олимпиада гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0