ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 40 адибро аз аъзогии иттифоқ хориҷ кард, хабар медиҳад ТаджикТА.
"Комисюни Иттифоқи нависандагони Тоҷиистон беш аз 400 асари узви иттифоқро таҳлил кардааст. Дар пайи он, 40 адиб аз ҳаққи аъзогии созмон маҳрум шуда, ба панҷ нафари дигар мӯҳлати озмоишӣ дода шуд" — гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.
Намояндагони ИНТ гуфтаанд, дар солҳои 2010-2015 узви иттифоқ шудан, мазҳакаеро мемонд- ҳатто нафароне қабул шуда буданд, ки тарҷумаи ҳоли худро бехато навишта наметавонистанд.
"Ҳангоми қабул талаботи оинномаи ИНТ риоя намешуд. Асарҳои бештари довталабон барои иттифоқ ҳеҷ арзиши адибие надоштанд.Ҳатто муаллифони китобчаҳои таърих, тиб, сиёсатшиносӣ қабул шуда буданд, ки ба адабиёт иртиботе надоштанд", — гуфта шудааст дар гузориш.
Иттифоқи нависандагон иддао дорад, ки танҳо "адибони шинохта"-ро қабул хоҳад кард.