Қодиров: омодаам, ки аз симати роҳбарии Чеченистон даст кашида, ҷанговар шавам

© Sputnik / Саид ЦарнаевВстреча Рамзана Кадырова с журналистами
Встреча Рамзана Кадырова с журналистами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эълом дошт, ки "дар муҳориба мардум ва давлатро ҳифз кардан"- пешаи дӯстдоштаи вай аст

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эълом кард, ки омода аст аз симаташ даст кашида,  агар лозим шавад, ба сифати ҷанговар ба ватанаш хидмат кунад.

Пештар Қодиров авзоъ дар Сурияро фишор ба Русия номида буд. Вай афзуд, ки "агар ин фишороварӣ идома ёбад,  Русия ночор ба корбурди нерӯ хоҳад шуд".

"Ман ба сиёсат чун ҷанговар омадам. Дар муҳориба ҳифз кардани халқ ва давлат — пешаи дӯстдоштаи ман аст. Мо омадаем, ки ҳамагуна фармони фармондеҳи олиро иҷро кунем. Низомиёни мо омода ҳастанд. Ба фикри ман, вақти он расидааст, ки мо генералҳо мақомҳои роҳбарии худро як тараф гузошта, барои ҳифзи ягонагии давлати худ мубориза барем ",- гуфтааст Қодиров дар мусоҳибо бо телевизиони "Росси 24".

Роҳбари Чеченистон афзудааст, ҷаҳон наметавонад бидуни Русия арзи ҳастӣ кунад ва авзои Сурия ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. "Ман боварӣ дорам, ки мо таслим намешавем. Мо мавқеи худро ҳифз хоҳем кард. Ҳоло дар Сурия  манфиатҳои Русия ва мардумро ҳифз карда истодаем",- афзудааст Қодиров.

"Мо равшан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавзеҳ медиҳем: агар пагоҳ ҳодисае рух диҳад, мо ба шумо гуфта будем, мо ба шумо тавзеҳ дода будем ва мо аз шумо далел хоста будем. Аммо ман фикр мекунам, ки агар вазъ ҳамин гуна идома ёбад, Русия ночор чораандешӣ хоҳад кард",- афзуд вай.

Рамазон Қодиров ҳамчунин эълом кард, ки ҳуҷуми кимёвӣ ба Сурия бӯҳтони Ғарб ба Русия аст.

Лентаи хабарҳо
0