Тоҷирони Суғду Самарқанд ба маблағи беш аз 100 миллион доллар созишнома бастанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷирони Суғд ва Самарқанд дар маҷмӯъ беш аз 160 Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки маблағи умумии он беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ба иттилои маркази матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Самарқанд, инчунин соҳибкорони тоҷику узбак дар маҷмӯъ беш аз 160 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз имзои ин санадҳо, ҳамкории байни ниҳодҳо ва воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистону Узбакистон мебошад.

"Маблағи  умумии  созишномаҳо беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар доираи Бизнес — форум роҳбарони ду вилоят санади ҳамкориро байни вилояти Самарқанди Узбакистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ҳамчунин баъд аз қисмати расмии Бизнес — форум дар мавзӯи "Рушди ҳамкории манфиатбахш байни соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон" рӯнамоӣ сурат гирифта, имкониятҳои сайёҳӣ, саноати бофандагӣ, сохтмон ва минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Бизнес — форум ва намоиши колоҳои вилояти Суғд 20 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар намоишгоҳ беш аз 80 корхонаи саноатии вилояти Суғд маҳсулоти гуногунро ба маърази тамошо гузоштанд ва 20 ширкати сайёҳӣ имкониятҳои худро муаррифӣ намуданд.

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вилояти Суғд минтақаи саноатии Тоҷикистон дониста мешавад. Суғд танҳо дар соли 2017 ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ тавлид карда аст.

Лентаи хабарҳо
0