Шойгу: Русия тавони размии пойгоҳашро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкСергей Шойгу
Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия дар истеҳкоми тавоноии ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак намуда, истифодаи онро якҷоя ба нақша мегирад

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сергей Шойгу вазири дифоъи Русия мегӯяд, вазорати дифоъи кишвар барои пешгирии ворид шудани ҷангиён аз вилоятҳои шимолии Афғонистон ба ҳудуди кишварҳои узви СПАД пешгирӣ хоҳад кард.

"Бо ин мақсад тавоноии размии пойгоҳҳои Русияро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш дода, онҳоро бо аслиҳаи нав ва техникаи ҳарбӣ таъмин мекунем. Ба шарикони худ дар минтақаи СПАД дар истеҳкоми тавоноии ҳарбӣ  кӯмак намуда, истифодаи онро якҷоя ба нақша мегирем",- гуфтааст Шойгу дар рафти суханрониаш дар нишасти сарони ниҳодҳои низомии кишварҳои узви СҲШ дар Пекин.

Шойгу афзуд, моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон размоишҳои зиддитерористӣ гузаронида шуданд.

"Нақша дорем, дар моҳи сентябр бо ҷалби ниҳодҳои қудратии гуногун размоиши муштараки "Иссиқкӯл — Антитерор-2018"-ро баргузор кунем. Моҳи октябр бо ширикати низомиёни кишварҳои узви СПАД чанд размоиш дигар ба нақши гирифта шудааст. Размоишҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикстон баргузор карда мешавад ",- афзуд вай.

Вазир ёдрас кард, ки дурнамои рушди вазъи сиёсиву низомӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва роҳҳои таъмини суботи он дар рафти Ҳафтумин ҳамоиши байналмилалӣ дар Маскав низ дар аввали апрел баррасӣ гардида буд.

Заседание Совета национальных координаторов ШОС в Пекине - Sputnik Тоҷикистон
Дар Пекин 30 масъалаи муҳими СҲШ ҳал шуд

"Дар ҳамоиш масъалаи мубориза бо тероризми байналмилалӣ  дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуд. Вазирони дифоъӣ кишварҳои узви СҲШ низ ин падидаро дар суханрониҳояшон ёдрас шуда буданд",- гуфт вай.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазири дифоъӣ Тоҷикистон Шералӣ Мирзо барои ширкат дар нишасти сарони ниҳодҳои низомии кишварҳои узви СҲШ ба Пекин сафар кард.

Тавре сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар додааст, сарони ниҳодҳои низомӣ дар рафти ҷаласа чораҳои муштараки муттаҳидсозии талошҳо барои аксуламали мувофиқ ба таҳдидҳои нав дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин натиҷаи ҳамкоҳои низомӣ дар соли гузашта ва дурнамои ҳамкориҳои оянда дар заминаи низомӣ дар чаҳорчуби ин созмон баррасӣ мешавад.
СҲШ- созмони байналмилалист, ки роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон соли 2001 созмон додаанд. Аввалҳои июни соли Ҳиндустону Покистон низ шомили ин созмон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0