ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Узбакистон дар ҷануби Тоҷикистон маҷмааи тандурустие бунёд карда онро ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон мегузорад. Ин табобатгоҳ барои 200 бемор пешнибӣ мешавад.
"Ба раиси Кумитаи сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки созишномаро аз номи ҳукумати Тоҷикистон имзо кунад. Ва дар сурати зарурат метавонад ба созишнома тағйироте ворид намояд", — омадааст дар санад.
Қайд мешавад, ки табобатгоҳ дар вилояти Хатлон сохта мешаваду, пурра бо ҳазинаи Узбакистон бунёд мегардад. Тоҷикистон муваззаф шуда, ки барои бунёди ин маҷмаа замин ҷудо кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон ваъда дода, ки дар бунёди маҷмааи тандурустӣ ба ҳукумати Узбакистон кумак хоҳад кард.
Пештар хабар дода шуд, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи "Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ" бунгоҳҳои тиббии Хатлон соҳиби компютерҳо шуданд.
Ба муассисаҳои тиббии 5 ноҳияи таҷрибавӣ, 105 адад ноутбук, 283 адад планшет, 105 адад принтер ва 5 адад дастгоҳҳои нусхабардорӣ ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Фархору Ёвон, Данғара ва Кубодиёну Ҷалолиддини Балхӣ, дастрас карда шудааст.