Милисаҳои пойтахт атрофи дарёи Душанберо тоза карданд

© МВД РТТаджикская милиция на субботнике, архивное фото
Таджикская милиция на субботнике, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милисаҳои Душанбе ба шанбегӣ баромада кӯчаи Соҳилиро тоза карданд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ин ҳашар рӯзи 22 апрел баргузор шуда, дар он беш аз сад корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат кардааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 22-юми апрел сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Фаттозода Абдусаттор, сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ҳамроҳ бо ҷавонони гурӯҳи "Авангард" ба шанбегӣ баромадаанд.

"Дар ин шанбегӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар тозаю озода намудани кӯчаи Соҳилӣ ва гирду атрофи дарёи Душанбе машғул шудаанд", — омадааст дар хабарнома.

© МВД РТТаджикская милиция на субботнике, архивное фото
Таджикская милиция на субботнике, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таджикская милиция на субботнике, архивное фото

Манбаъ афзуда, ки дар ин кори дастаҷамъона беш аз 100 нафар кормандони милитсия ва донишҷӯён ширкат кардаанд.

Ба гузориши манбаъ, ҳар ҳафта кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шанбегии умумӣ баромада, ба корҳои ободонию сабзу хуррамгардонии назди биноҳои маъмурию хизматӣ машғул мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0