ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муовини раиси Палатаи савдои Тоҷикистон Манзура Рустамова гуфтааст Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро бо Ҳиндустон густариш диҳад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Палатаи савдои Тоҷикистон.
Ӯ зимни мулоқоти худ бо намояндагони сафорати Ҳиндустон афзуда, ки мо бояд ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустонро густариш бидиҳем. Ба ҳамин далел мо бояд, ҳарчи бештар намошгоҳҳои бузурги санъатӣ ташкил кунем, то тоҷирони ду кишвар тавонанд барои густариши равобити худ роҳҳои гуногун пайдо кунанд.
Вай ҳамчунин афзуд, Ҳиндустон дар соҳаи IT-технология яке аз кишварҳои пешқадам мебошад, барои ҳамин зарур аст ҳукумати Ҳиндустон барои ташкили курсҳои омӯзишӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон, кумак намояд.
Зимни мулоқот инчунин масалали густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар соҳаи дорусозӣ, тавлиди молу коло, саноати кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шудааст.
Инчунин зимни мулоқот Тоҷикистон тоҷирони Ҳиндустонро барои иштирок дар намоишгоҳи бузурги байналмилалӣ "Тоҷикистон-2018", ки тобистони соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.