Таҳсили ройгон: Русия имсол ба тоҷикистониён бештар квота медиҳад

© © Sputnik / Амир ИсаевМеждународная выставка-ярмарка "Российское образование Душанбе-2018"
Международная выставка-ярмарка Российское образование Душанбе-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи ҳамоҳангиҳо байни Маскаву Душанбе дар соҳаи маориф, нақл кард

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Маскаву Душанбе ҳамоҳангӣ карданд то теъдоди квотаҳои таҳсилро барои тоҷикистониён дар мактабҳои олии ФР, афзоиш диҳанд, гуфт нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ  дар Маскав.

"Аммо дар робита ба масоили таҳсил бояд зикр кард, мо чунин ҳамоҳангӣ кардем, ки ФР дар шаҳрҳои ҶТ ба сохтани панҷ мактаби миёнаи ҳозиразамон оғоз мекунад. Ҳамчунин мо қарор додем то кореро, ки соли гузашта шурӯъ карда будем, давом диҳем. Чуноне шумо медонед, соли гузашта ба Тоҷикистон муаллимони рус омада буданд, ки алъон эшон дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ кор мекунанд", —гуфт сарвазири Тоҷикистон.

Дмитрий Медведев и Кохир Расулзода (слева) перед началом встречи глав делегаций государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода ва Медведев муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Расулзода изҳори боварӣ кард,  ки ин тарҳ дар солҳои 2018-2019 идома хоҳад ёфт. "Инчунин мо роҷеъ ба зиёд намудани квотаҳо барои таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии ФР, мувофиқат намудем", —гуфт Қоҳир Расулзода.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои интихобӣ барои дохилшавандагон ба донишгоҳҳои Русия, баргузор шуданд.

Ба ҳайати комиссияи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон бо роҳбарии Михаил Вождаев, намояндагони Вазорати маорифи  Тоҷикистон ва намояндагони донишгоҳҳои Русия, ки махсус барои ин мақсад ба Душанбе омада буданд, дохил шуданд.

Лентаи хабарҳо
0