Раисҷумҳур сардори нави Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро таъйин кард

© Sputnik / Алексей ВитвицкийПапка с документами, архивное фото
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Турсинхон Худойбергенов вазири нави ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо имзои қароре, Турсинхон Худойбергеновро вазири нави ҳолатҳои фавқуллода таъйин кардааст, хабар медиҳад расонаҳои узбакӣ бо такя ба Вазорат.

"Турсинхон Худойбергенов ба вазифаи вазири ҳолатҳои фавқуллода таъйин шудааст. Дар ин бора қарори раисҷумҳур баромадааст", — омадааст дар хабарнома.

Худойберггенов ҳамчунин мушовири раисҷумҳури Узбакистон аст. Ба ин симмат ӯ авхири соли 2016 таъйин шуда буд.

Худойбергенов аз соли 2010-2016 раҳбари КҲФ мебошад. Моҳи декабр ӯ мушовири раисҷумҳур оид ба назорати ҳамоҳангсозии кор бо арзу шикояти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, шуд.

Раҳбари пешини КҲФ Узбакистон Рустам Ҷураев, ки аз моҳи марти соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 ин вазифаро бар дӯш дошт, сардори Раёсати ВКД Тошканд таъйин шуд.

Лентаи хабарҳо
0