Баррасии созишномаи Тоҷикистону Узбакистон дар бораи нерӯгоҳи Фарҳод

CC BY-SA 3.0 / Wikimedia / Фархадская ГЭС, архивное фото
Фархадская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномаи миёни Тоҷикистону Узбакистон роҷеъ ба НБО Фарҳод дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnikю  Cозишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба баҳрабардорӣ аз садди нерӯгоҳи Фарҳод, дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, баррасӣ мешавад.

Дар натиҷаи сафари ҳайати ҳукуматии Узбакистон ба Душанбе таҳти роҳбарии нахуствазири кишвар Абдулло Орипов, ҷонибҳо дар робита ба масъалаи яке аз қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ — садди НБО Фарҳод, ба мувофиқа расиданд.

Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Узбакистонро тасвиб кард

Баъдтар тафсилоти созишнома миёни Тоҷикистону Узбакистон оид ба истифодаи обанбори Фарҳод, маълум гардид.

Тоҷикистон ва Узбакистон дар робита ба истифодаи муштараки иншооти мазкур таи 49 соли оянда, ба мувофиқа расидаанд.

Муҳофизати иншоот аз ҷониби Тоҷикистон анҷом дода шуда, хизматрасонии техникии он тавассути ҳукумати Узбакистон амалӣ карда мешавад.

НБО Фарҳод (НБО-16) — нерӯгоҳи барқиву обии рӯи дарёи Сир буда, дар наздикии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистон ҷойгир аст.
Нерӯгоҳи барқиву обӣ тибқи намуди дериватсионӣ сохта шуда, маҷмӯаи мураккабро мемонад, ки дар тӯли 22 километр ҷой гирифтааст.

Ба ғайр аз коркарди нерӯи барқ, НБО Фарҳод боз як қатор каналҳоро барои кишоварзӣ бо об таъмин мекунад.

Дар айни замон, таҷҳизоти НБО кӯҳна шуда, ба таъвиз ниёз дорад. Дар НБО чор муҳаррик насб шудааст, ки дутои онҳо тавлиди ширкати "Dominion Bridge" аз соли 1945, аст.

Лентаи хабарҳо
0