Рӯзи шанбе, 21 апрел сокинони Душанбе бо тантана Рӯзи пойтахтро таҷлил карданд. Маросимҳои идона дар шарҳ аз субҳи барвақт сар шуданд ва то шом идома ёфтанд.
Дар рӯзи ҷашн ба чорабиниҳои варзишӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Дар тамоми боғҳои Душанбе Рӯзи пойтахт бо машқи пагоҳӣ оғоз ёфт ва бо давидан ба масофаи то 21 км ба анҷом расид.
Сипас дар Кохи "Наврӯзгоҳ" авdалин ҷашнвораи бодбарак баргузор шуд: ҳар нафаре мехост бодбаракҳои худро ба осмон ҳаво медод. Ҳамчунин дар кох мусобиқа ва чорабиниҳои шавқовар гузаронида шудfyl. Дар "Наврӯзгоҳ" пойгаи аспдавонӣ доир шуд, ки дар он беҳтарин варзишкорон ширкат карданд.
Шоми 21 апрел дар консерти идона мардум ҷашнро идома доданд.
Дар бораи ҷашн аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо карда метавонед.










