ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, дар шаҳри Бухарести Руминия бо вазири маорифи Руминия Валентин Попа дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот тарафҳо роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаҳои маориф, илм ва технологияҳои нав, танзими робитаҳои мустақими корӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
"Ҳавасмандии амиқ барои густариши муносибатҳо дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла барномаи Эразмус +, таъкид гардид", —омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, зимни суҳбат ҷонибҳо ба зарурати бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазоратҳои маориф ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Руминия ва даъвати мутақобилаи омӯзгорону донишҷӯён ба мақсади мубодилаи донишу таҷриба таъкид кардаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар хусуси таҳсили шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар давлатҳои ҳамдигар созишнома имзо кардаанд.