Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноят миёни ҷавонон

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақоомти қудратии Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва наврасон ниграон шудааст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар ин росто чанд вақт боз, милисаҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон суҳбату дидорҳо барпо мекунанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чунин як вохӯрӣ рӯзи 19-уми апрел, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ бо ширкати кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД баргузор шудааст.

Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии генерал Назарзода аз нопойдории хонаводаҳои ҷавон

Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники Абдусаттор Фаттозода ба донишҷӯён гуфтааст, ки вазифаи мову шумо дар якчоягӣ пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онхо ба ҷинояту чинояткорӣ аст.

"Танҳо дар давоми 3 моҳи соли 2018 аз ҷониби донишҷӯён 25 далели содир гардидани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин хеле ташвишовар ва нигаронкунанда аст", — гуфтааст полковник.

Пештар сардори Раёсати ВКД шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз аз афзоиши ҷиноят байни донишҷӯён изҳори нигаронӣ карда буд.

Шариф Назарзода таъкид дошт, ки, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба табаҳкорӣ задаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе ду гурӯҳи ҷавонон бо корду табар дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе задухӯрд карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0