ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дидори дӯстона миёни дастаҳо дар варзишгоҳи "Динамо" сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Ба гузориши манбаъ, ҷараёни бозии футболро роҳбарони вилоятҳои Суғду Самарқанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Туробҷон Ҷӯраев, инчунин теъдоди зиёди сокинони Самарқанд тамошо кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз 20 то 22 апрели соли равон Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар вилояти Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад.
Барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд гурӯҳи калони намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар кардаанд.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Самарқанд Бизнес — форум баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар чорчуби Бизнес — ҳамоиш миёни соҳибкорони ҳар ду ҷониб созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шавад.
Пештар хабар дода шуд, ки намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздимарзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.