Тоҷикистон муносиботи муросилотиро бо бонкҳои Амрико барқарор мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкВашингтон, архивное фото
Вашингтон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати машваратии "NAVIGANT" дар шаҳри Вашингтон нақши муносиботи муросилотӣ ва имконияти барқарор намудани онҳоро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ин машварат корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар чорчӯби Ҷаласаҳои баҳории СБП, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ — 2018 баргузор гардидааст, хабар медиҳад БМТ.  

Дар ин мулоқот, Ҷамолиддин Нуралиев таъкид кардааст, ки барқарор намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ба рушди воқеии на танҳо низоми бонкии Тоҷикистон, балки иқтисодиёти кишвар, вазъи молии он мусоидат хоҳад кард.

Ба гузориши манбаъ, Тоҷикистон ба ин раванд ҳавасманд мебошад.

Раиси ширкати машваратии "NAVIGANT" Еллен Зимилес дар бораи талаботҳои Амрико ҷиҳати ба роҳ мондани муносиботи муросилотӣ бо бонкҳои давлатҳои дигар, таъмини амният ва мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ ҳавасманд, бахусус назорати доимӣ ва мониторинги амалиётҳо, маълумот додааст.

Гуфта мешавад, ки  Бонки миллӣ ва бонкҳои ватанӣ барои идома додани ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур таваҷҷуҳ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0